Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2027 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин баргузор мегардад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба
ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2027 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин баргузор мегардад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин хусус зимни ҷаласаи 48-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин, ки 16-17 сентябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Дар ҷаласаи 48-уми шуро роҳбарон ва намояндагони мақомоти соҳавии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи иттиҳод иштирок намуданд. Аз Тоҷикистон дар ин ҷаласа Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ва кормандони кумита иштирок намуданд.
Масъалаҳои иҷрои қарорҳои ҷаласаи қаблӣ, натиҷаҳои фаъолияти мақомоти соҳавӣ дар давраи байниҷаласавӣ, рушди инфрасохтори маълумоти фазоӣ, ташаккули Геопортали Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мубодилаи маълумоти геофазоӣ ва татбиқи технологияҳои муосири геоиттилоотӣ дар ин ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои геодезия, харитасозӣ, кадастр ва зондкунии фосилавии Замин муҳокима гардида, аз рӯи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон