Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани сабабу оқибатҳо, инчунин андешидани чораҳои дахлдор барои пешгирии садамаҳои нақлиётӣ Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тайи чанд соли охир дар минтақаҳои кӯҳии кишвар бо сабаби аз кор баромадани тормоз дар мошинҳои боркаши гаронвазн ҳангоми аз баландӣ ба поён ҳаракат кардани онҳо (масалан дар Кӯлоб соли 2023 ва дар роҳи «Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ» соли 2026) садамаҳои нақлиётӣ рӯй медиҳанд.
Пас аз рӯй додани ҳар як садамаи нақлиётӣ тафтишот бо ҷалби коршиносон гузаронида, дар доираи онҳо сабабҳои техникии вайроншавии системаи тормоз, риояи қоидаҳои муоинаи техникӣ ва иҷозат додани истифодаи нақлиёт бо норасоиҳои ошкоршуда муайян гардида, гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Вазорати нақлиёти мамлакат бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ва мутобиқ намудани мошинҳои боркаши воридотӣ ба шароити роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ тадбирҳои дахлдор меандешад.
Дар ин замина, Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг, санҷиш ва арзёбии системаи тормоз ва қуттии автоматии ивазкунии ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш таъсис дода шуд. Дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ, ки бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута доир гардид, таъкид шуд, ки аз меъёри муқарраргардида зиёд намудани суръати ҳаракат, малакаҳои нокифояи идоракунии мошин ва ҳолати техникии воситаи нақлиёт омилҳои асосии ба амал омадани садамаҳои нақлиётӣ дар шароити кӯҳсор мебошанд. Аз ҷумла, дар натиҷаи санҷиши воситаҳои нақлиёти боркаши воридотӣ, ки дар сохтмони иншооти калон кор мекунанд, муайян карда шуд, ки қисми зиёди ин воситаҳои нақлиёт бо системаи боздоштани ёрирасон (ретардер) ва қуттии интиқоли автоматӣ (ҚИА) муҷаҳҳаз карда нашудаанд.
Гурӯҳи корӣ пешбинӣ намудани талаботи ҳатмӣ барои муҷаҳҳаз кардани мошинҳои боркаш бо ин воситаҳои техникӣ вобаста ба категория ва таъиноти онҳо, инчунин ба назар гирифтани ин талабот дар марҳилаи воридот, бақайдгирӣ ва санҷиши мувофиқати воситаи нақлиёт ба талаботи техникиро зарур шуморид. Аз ин рӯ, Вазорати нақлиёти мамлакат ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд:
1.Бо мақсади пешгирии воридоти воситаҳои нақлиёти боркаше, ки ба шароити роҳҳои кӯҳистони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ нестанд, масъалаи ворид намудани тағйироти дахлдор ба регламентҳои техникии амалкунанда оид ба бехатарии воситаҳои нақлиёти чархдор мавриди баррасӣ қарор дода шавад;
3.Масъалаи таҳия ва қабули лоиҳаи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани маҳдудият ё манъи воридоти воситаҳои нақлиёти боркаше, ки ба талаботи нави бехатарии техникӣ ҷавобгӯ нестанд, мавриди баррасӣ қарор дода шавад;
6.Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор масъалаи ворид намудани профилҳои хавфи дахлдорро бо низоми ASYCUDA World барои назорати автоматии мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутобиқати техникии воситаҳои нақлиёти воридшаванда таъмин намояд;
АКС:Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон