Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 28 то 29 сентябр дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистони вилояти Суғд таҳти унвони «Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ» Форуми

ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 28 то 29 сентябр дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистони вилояти Суғд таҳти унвони «Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ» Форуми дуюми сулҳи Фарғона баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 27 сентябр дар доираи чорабиниҳои форум байни марказ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Санад бо мақсади таҳким ва рушди ҳамкорӣ дар самти таҳқиқоти илмӣ, мубодилаи иттилоот ва маводи таҳлилӣ, рушди барномаҳои муштараки илмию таҳқиқотӣ, инчунин табодули таҷриба байни коршиносон ва муҳаққиқон ба имзо расид.

Он ба амалӣ намудани ҳамкории мунтазам дар соҳаҳои илму таҳқиқот, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, баргузории чорабиниҳои илмӣ, мубодилаи маълумот ва таҷриба мусоидат менамояд. Ҳамзамон дар доираи санад ҷонибҳо метавонанд бо дигар муассисаҳо барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳое, ки ба рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давлатҳои тарафҳо мусоидат мекунанд, ҳамкорӣ намоянд.

Инчунин дар ин рӯз директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо намояндагони доираҳои коршиносӣ ва илмӣ-таҳлилии ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Узбекистон вохӯрӣ намуд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ташаккули дурнамои стратегии ҳадафҳои дарозмуддати «Раванди Фарғона» пас аз анҷоми давраи сесолаи аввали он (солҳои 2025–2027) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рушди минбаъда ва таҳкими заминаҳои ташкилии «Раванди Фарғона» майдон барои таҳкими сулҳ, эътимод, ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон мебошад. Ҷонибҳо оид ба имконоти татбиқи ташаббусҳои муштараки таҳқиқотӣ, мубодилаи маводи таҳлилӣ, баргузории машваратҳои коршиносӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва густариши ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ табодули афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки рушди минбаъдаи «Раванди Фарғона» бояд бар пояи принсипҳои эҳтироми мутақобил, эътимод, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, муколамаи ошкоро ва иштироки баробарҳуқуқи ҳама ҷонибҳо амалӣ гардад. Дар ин замина Форуми дуюми сулҳи Фарғона барои таҳкими робитаҳои коршиносӣ байни се давлат ва таҳияи равишҳои нав барои рушди ҳамкории минтақавӣ имконияти навбатӣ арзёбӣ мегардад.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"