Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Левакант нақшаи ҷамъоварии пахтаро 107 фоиз иҷро намуда, ба хирман беш аз 2 ҳазору 524 тонна ҳосил супориданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

То кунун кишоварзони шаҳри Левакант беш аз 2 ҳазору 524 тонна ҳосилро ба корхонаҳои коркард супурдаанд, ки ин 107 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба пешқадамон туҳфаҳо тақдим карда шуданд.

Бояд гуфт, ки имсол дурнамои 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон 266 200 тонна пахтаро ташкил медиҳад. То кунун 155 ҳазору 905 тонна (59 дарсади дурнамо) пахта ҷамъоварӣ карда шудааст. Аз байни онҳо то имрӯз 2 шаҳр — Бохтар ва Левакант нақшаро пурра иҷро намудаанд.

Дар самти бунёдкорӣ дар деҳаи Гурдондеҳи шаҳри Левакант сохтмони бинои нави таълимӣ барои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳаи бино аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хатлон лоиҳасоз» таҳия гардидааст. Он дуошёна ва дорои 16 синфхона буда, барои 840 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Арзиши умумии лоиҳа 6,2 миллион сомониро ташкил дода, маблағгузории онро сокинони ватандӯсти деҳа ва оилаи Икромовҳо ба зимма гирифтаанд. Бунёди ин иншооти иҷтимоӣ барои рушди соҳаи маориф ва ҷалби соҳибкорон ба корҳои созандагӣ барои тарбияи насли наврас заминаи мусоид мегузорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Источник: АМИТ "Ховар"