Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» баргузор гардид. Ҷойи аввал насиби Аноргул Сайдалиева аз ноҳияи Данғара гардида, ҷойи дуюм ба Султонбӣ Қаюмова аз
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» баргузор гардид. Ҷойи аввал насиби Аноргул Сайдалиева аз ноҳияи Данғара гардида, ҷойи дуюм ба Султонбӣ Қаюмова аз шаҳри Кӯлоб ва Шоҳзода Комилова аз ноҳияи Муъминобод, ҷойи сеюм ба Ёдгорбӣ Ашурова аз ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Розия Холова аз ноҳияи Ёвон ва Гулбаҳор Қазоқова аз шаҳри Левакант дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки баргузории чунин озмунҳо дар самти баланд бардоштани эҳтиром ба нақши занон дар оила ва ҷомеа, тарғиби таҷрибаи зиндагии занони соҳибтаҷриба ва таҳкими муносибатҳои нек байни аъзои оила аҳамияти муҳим дорад. Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» бори дигар нишон дод, ки хушдоманҳои соҳибтаҷриба дар нигоҳ доштани суннатҳои миллӣ, тарбияи дурусти насли наврас ва таҳкими муҳити солими оилавӣ нақши муҳим доранд.
Ғолибони озмун аз рӯйи талабот ва меъёрҳои зерин муайян карда шуданд: нақши хушдоман дар таҳкими муносибатҳои оилавӣ ва пойдории оила, муносибати хушдоман бо келин, домод, фарзандон ва дигар аъзои оила дар асоси эҳтиром, ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳрубонӣ, саҳми хушдоман дар тарбия ва ташаккули шахсияти фарзандон ва набераҳо, пешгирии низоъҳои оилавӣ ва таҳкими муносибатҳои солим байни ҳамсарон, ҳалли масъалаҳои оилавӣ тавассути маслиҳат, таҷриба ва муносибати нек, сарфаю сариштакорӣ ва рӯзгордории оила, касбу ҳунаромӯзӣ ва истифодаи таҷрибаи ҳаётӣ дар тарбияи фарзандон ва набераҳо, ободонии хона, кӯча, шаҳрак ва маҳалла, ҳифз ва эҳтироми арзишҳои фарҳанги миллӣ, анъана ва расму ойинҳои неки миллӣ, равона намудани фарзандон ва набераҳо ба хизмати Ватан.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» соли сеюм аст, ки дар Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон