Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои маориф, илм, сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар мулоқоти Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо ташкили табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва рушди робитаҳои илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид шуд, ки ин мулоқот барои густариши ҳамкории байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои илмию таълимии Тоҷикистону Кувайт заминаи мусоид фароҳам меорад.

Сафири Давлати Кувайт ҳамзамон бо имконоти таълимию илмӣ, инфрасохтори муосир ва дастовардҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"