Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
АМИТ "Ховар" ·

ФАЙЗОБОД, 25.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Сари сафедхоки ноҳияи Файзобод китобхонаи наву замонавӣ, дар деҳаи Муъминободи Ҷамоати шаҳраки «30-солагии Истиқлол» ду синфхонаи иловагӣ, толори маҷлисгоҳ ва дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳия бинои нави муассисаи томактабии рақами 8 ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳии Файзобод иттилоъ доданд.
Китобхонаи мазкур дар доираи иҷрои «Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2031» бунёд гардида, дар баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои мутолиаи китоб аҳамияти калон дорад.
Ҳамчунин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои нигоҳубин ва тарбияи кӯдакони синни томактабӣ муассисаи томактабӣ ба истифода дода шуд. Муассисаи мазкур бо утоқҳои зарурӣ, ҷойи хоб, ошхона, ҳуҷраҳои санитарӣ, майдончаи бозии кӯдакон ва дигар шароити зарурӣ таъмин мебошад.
Ба истифода додани ин муассисаи томактабӣ ба беҳтар намудани шароити иҷтимоии оилаҳо, фароҳам овардани имконияти нигоҳубини кӯдакон ва таълиму тарбияи онҳо мусоидат мекунад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод