Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 то 25 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 то 25 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд, ҳамзамон дар ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат тавсия медиҳад, ки эҳтиёткор бошанд ва пешакӣ тадбир андешанд, то селҳо ба манзилҳои истиқомативу заминҳои кишташон зарар нарасонанд. Сокинонро зарур аст пайваста селроҳаҳо, каналҳо ва ҷӯйборҳоро сари вақт аз ҳар гуна хасу партов тоза кунанд, то оби зиёдатӣ роҳи баромад дошта бошад ва ба хонаҳо надарояд. Дар ин рӯзҳо одамон бояд аз рафтан ба моҳидорӣ, шикор, ҷамъоварии ҳезуму гиёҳҳои шифобахш ва чаронидани чорво худдорӣ намоянд.
Ба ронандагон низ тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва минтақаҳои селхез қоидаҳои ҳаракати роҳро ҷиддӣ риоя намоянд. Бахусус ҳангоми ҳаракат риояи фосила байни мошинҳо шарти муҳими бехатарӣ аст.
Масъулин таъкид мекунанд, ки шаҳрвандон ҳангоми мушоҳида намудани баландшавии сатҳи оби дарёҳо ё дигар аломатҳои эҳтимолии сар задани сел бояд фавран ба ҷойҳои бехатар кӯчида, мақомоти дахлдор ва сокинони атрофро огоҳ созанд.
Дар ҳолати ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулода шаҳрвандон метавонанд ба рақами ягонаи хадамоти наҷот — 112 занг зананд ё аз замимаи мобилии «SOS» истифода баранд. Бояд гуфт, ки замимаи мобилии «SOS» ҳамчун воситаи муосири дастрас намудани маълумоти зарурӣ дар бораи ҳолатҳои фавқулода, қоидаҳои рафтори бехатар ва роҳҳои дурусти вокуниш ба таҳдидҳои эҳтимолӣ пешбинӣ шуда, чанд сол аст мавриди амал қарор дорад.
Барнома метавонад барои доираи васеи истифодабарандагон, новобаста ба синн муфид бошад. Маводи он бо забони сода ва фаҳмо таҳия гардида, ба корбар имкон медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳ маълумоти заруриро дар бораи тарзи рафтор ҳангоми ҳолатҳои гуногуни фавқулода пайдо намояд. Истифодабаранда метавонад пешакӣ бо қоидаҳои бехатарӣ шинос шуда, дар ҳолати зарурӣ маълумоти лозимиро зуд пайдо намояд.
Дар барнома маводи омӯзишӣ, маслиҳатҳои муфид ва дастурҳои бехатарӣ ҷой дода шудаанд, ки аз ҷониби мутахассисони соҳаи ҳолатҳои фавқулода таҳия гардидаанд.
Яке аз имконияти барнома огоҳиҳои саривақтӣ дар бораи ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии обу ҳаво мебошад. Чунин имконият метавонад дар баланд бардоштани сатҳи омодагии аҳолӣ ва коҳиш додани таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ нақши муҳим дошта бошанд. Барномаи «SOS» метавонад барои шаҳрвандон ҳамчун манбаи ягонаи дастрас барои омӯзиши қоидаҳои рафтор дар ҳолатҳои фавқулода хизмат кунад.
Дар бисёр ҳолатҳои фавқулода на танҳо худи офат ё садама, балки надонистани қоидаҳои рафтор метавонад оқибатҳои вазнин дошта бошад. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванд бояд ҳадди ақалл қоидаҳои одии рафторро ҳангоми заминларза, сел, сӯхтор, садамаи нақлиётӣ, ғарқшавӣ, шамоли сахт ва дигар ҳолатҳои хатарнок донад.
Масалан, ҳангоми гирифтани огоҳӣ дар бораи эҳтимоли омадани сел шаҳрвандон бояд оромиро нигоҳ дошта, ба дастурҳои мақомоти дахлдор амал намоянд. Агар манзил ё маҳалли будубош дар минтақаи хавфнок қарор дошта бошад, пеш аз наздик шудани сел ба ҷойи бехатар кӯчидан зарур аст.
Ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ ва роҳҳои наздикӯҳӣ ронандагон бояд шароити обу ҳаворо ба инобат гирифта, суръати ҳаракатро мувофиқи вазъи роҳ интихоб ва қоидаҳои ҳаракатро қатъиян риоя намоянд. Ҳамчунин дар чунин шароит бояд аз таваққуф ё истодани нақлиёт дар назди соҳили дарёҳо, маҷрои сел ва дигар мавзеъҳои хавфнок худдорӣ кард.
Инчунин агар сел ногаҳон ба амал ояд, пеш аз ҳама, бояд ҷони инсонро аз ҳама гуна молу мулк муҳимтар донист. Шаҳрвандон бояд ҳарчи зудтар аз маҷрои сел, соҳили дарё ва дигар минтақаҳои пасту хавфнок дур шуда, ба ҷойҳои баландтар ва бехатар ҳаракат намоянд.
Кӯшиши убур намудани маҷрои пуроби сел, дарё ё ҷӯйбор, хоҳ пиёда ва хоҳ бо воситаи нақлиёт метавонад барои ҳаёт хатарнок бошад. Аз ин рӯ, дар чунин вазъият бояд аз оби ҷорӣ ва минтақаҳои зери обмонда дурӣ ҷуста, дастурҳои наҷотдиҳандагонро риоя намуд.
Риояи қоидаҳои бехатарӣ, пайгирии саривақтии огоҳии мақомоти дахлдор ва омодагии пешакӣ метавонад ба ҳифзи ҷони шаҳрвандон ва коҳиш додани оқибатҳои эҳтимолии офатҳои табиӣ мусоидат намояд. Аз ин рӯ, дар рӯзҳои эҳтимоли омадани сел шаҳрвандонро зарур аст, ки эҳтиёткор бошанд, аз минтақаҳои хавфнок дурӣ ҷӯянд ва ҳангоми ба вуҷуд омадани таҳдид тибқи тавсияҳои мақомоти ҳолатҳои фавқулода амал намоянд.
Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»