Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба

ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/.   5 октябр дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иншоот бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонӣ ва рушди минбаъдаи инфрасохтори минтақа ба истифода дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки 5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои нави маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик-Алмос»-ро ба истифода доданд.

Сарвари давлат дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ инчунин бо лоиҳаи бунёди маҷмааи нассоҷӣ шинос шуда, ба бунёди он санги асос гузоштанд.

Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар беш аз 309 гектар таъсис дода шудааст.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"