«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Хурсандибахш аст, ки давоми солҳои охир навиштани асарҳои арзишманду гаронбаҳо оид ба хизматҳои беназир ва талошҳои хастагинопазири фарзанди маҳбуби халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди давлатдории миллӣ ва муаррифии шоистаи миллату давлати тоҷикон ба ҷаҳониён аз ҷониби шаҳрвандони ватандӯст ва масъулиятшиносу қадршинос ба амали неку писандида табдил ёфтааст.
Хеле хушоянд аст, ки дар соли таҷлили ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатӣ асари тозанашри муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Абдураҳмон Аламшозода «Аз Тоҷикистон то ҷаҳон» ҳамчун армуғони ҷашнӣ дастрас гардид. Дар китоби мазкур, тавре ки аз мазмуну моҳияти он бармеояд, маҷмуи мақолаҳои муаллиф оид ба талошҳои пайваста, мавқеъ ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон гирдоварӣ шудаанд.
Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили амиқи асари мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки муаллиф дар заминаи далелҳои боэътимоди таърихӣ ва сарчашмаҳои фаровони илмию бадеӣ, аз қабили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, паёмҳо ва суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарчашмаҳои илмӣ ва адабӣ, инчунин дигар захираҳои оморӣ ва иттилоотӣ марҳалаҳои асосии фаъолияти созандагии Роҳбари давлатро дар соҳаҳои калидии ҳаётан муҳимми ҷомеа таҳқиқ намуда, рисолати наҷотбахшии миллат ва поягузории аркони давлатдориро баён кардааст.
Арзиши баланди илмии асари мазкур дар он ифода меёбад, ки дар он ба хонанда муаллиф ҳамчун шоҳиди бевоситаи таҳаввулоти азими замони истиқлоли давлатӣ дар заминаи мушоҳидаҳои бевосита ва таҷрибаи ғании корӣ дар вазифаҳои масъул ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии кишвар аз соли 1993 то ин ҷониб ҳамчун дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти ибратбахш ва шоҳкорҳои азиму беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти дақиқ, саҳеҳ ва боварибахшу раднопазирро пешниҳод менамояд. Таҳияи чунин асари арзишманд аз дараҷаи баланди ҷаҳонбинии илмиву дунявӣ, маҳорати баланди эҷодӣ ва садоқати як шахси худогоҳу ватандӯст ба Роҳбари давлат шаҳодат медиҳад.
Асари мазкур дар умум 26 мақолаи илмиву оммавии муаллифро дар бар гирифта, дар онҳо саҳми шоиста ва арзандаи Роҳбари давлат дар бунёду таҳкими давлатдории навини тоҷикон ва рушду пешрафти самтҳои ҳаётан муҳим ва афзалиятноки хоҷагии халқи мамлакат махсус таъкид шудаанд. Аз ҷумла, дар бахшҳои алоҳидаи китоби мазкур оид ба хизматҳои мондагор ва таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди давлатдории миллӣ ва эҳёи ҳувияти миллати тоҷик, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат, рушди илму маориф ва тандурустӣ, арҷгузорӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги миллат, густариши равобити хориҷӣ, эҳёи ҷашнҳои миллӣ, ташаббусҳои байналмилалӣ, пешбурди дипломатияи об, тақвияти мубориза бо терроризму экстремизм, пуштибониву ғамхорӣ ба ятимон ва дигар соҳаҳои калидии давлату ҷомеа маълумоти муфассал манзур мешавад.
Тавре ки дар сарсухани асари мазкур ишора мешавад, мақолаҳои марбут ба Истиқлол, Иҷлосияи тақдирсоз, Ваҳдати миллӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъалаҳои бунёдии пояҳои давлатдорӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ бахшида шудаанд, ҷавҳари ғоявии китобро ташкил медиҳанд.
Ба андешаи муаллиф, истиқлоли давлатӣ – арзишмандтарин дастовард, бузургтарин неъмат ва беназиртарин сарвати халқи шарифи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамчун воқеаи фараҳбахши таърихӣ ва ҳодисаи муҳимму сарнавиштсоз ба тоҷикон озодиву соҳибихтиёриро ҳадя намуд. Истиқлоли давлатӣ боис гардид, ки кишвари тоза ба истиқлол расидаи мо барои мустақилона ба роҳ мондани сиёсати дохилӣ оид ба ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва амалисозии сиёсати фаъоли хориҷӣ ҳамчун субъекти комилҳуқуқи робитаҳои байналмилалӣ ҷиҳати муаррифии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон гомҳои устувор гузорад.
Баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд мувофиқи нуқтаи назари муаллифи асар аз дастовардҳои беназири халқи тоҷик дар оғози солҳои соҳибихтиёрӣ ба ҳисоб меравад. Ин иҷлосия заминаҳои мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои расидан ба сулҳу субот ва ба вуқуъ пайвастани дигаргунӣ ва пешравиҳои азим дар ҷомеаи Тоҷикистон фароҳам оварда, дар қалби ҳар тоҷику тоҷикистонӣ шуълаи умедро ба сӯйи фардои неки давлатдории миллӣ, таъмини рӯзгори босаодату пурнишоти мардуми кишвар фурӯзон намуд. Қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсози иҷлосияи мазкур минбаъд дар самти бунёди рукнҳои давлатдорӣ, қабули Конститутсия, ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ба ҳам овардан миллати тоҷик, имзои Созишномаи истиқрори сулҳ, зинда гардонидани хотираи таърихӣ, рушди бемайлони ҳамкории байналмилалӣ ва таъмини фазои конститутсионӣ нақши бағоят муҳим гузоштанд.
Бузургтарин дастоварди ин иҷлосияи тақдирсоз он буд, ки ба бахти миллионҳо нафар тоҷикони рӯйи олам фарзанди бонангу номус, қавииродаву ватандӯст, далеру ҷасур, покзамиру нексиришт ва дорои ғурури баланди миллӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Сарвари давлат таъйин намуд. Ин фарзанди фарзонаи миллат ҷон дар каф бо далериву ҷасорати бемисл масъулияти баланди роҳбариро ба дӯш гирифта, ба наҷоти миллату давлати тоҷикон бархост. Сарвари давлат бо такя ба хиради азалии мардуми тоҷик роҳи ягонаи ҳалли низои дохилии тоҷиконро танҳо аз тариқи музокироту гуфтушунид пеша намуда, барои расидан ба сулҳи деринтизор камари ҳиммат бастанд. Дар натиҷаи азму талош, кӯшишу пайкорҳои бемисл ва хизмату заҳматҳои арзандаи шабонарӯзии ин шахсияти барҷастаи таърихӣ бо такя ба дастгирии сокинони сарбаланди мамлакат дар муддати кӯтоҳи таърихӣ барои хомӯш кардани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ, рафъи хатари парокандашавии миллат ва заволёбии давлати тоҷикон тадбирҳои муассир андешида шуданд. Миллати тоҷик дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахси хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил ва Пешвои ҳақиқии хешро пайдо намуд.
Дарвоқеъ, таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан имконнопазир аст. Бояд эътироф намуд, ки ба зимма гирифтани масъулият ба кори давлатдориву давлатсозӣ дар ҷойи хушку холӣ, бе заминаҳои муайяни устувори молиявию моддӣ ва иқтисодиёти фалаҷгашта саҳлу осон набуд. Танҳо нафаре метавонист ба ин корҳо дастболо шавад, ки бо дарки ғуруру ҳувияти баланди миллӣ тамоми ҳастиву вуҷуди хешро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад. Ин масъала аз назари донишманди соҳибназару борикбин хело муфассал ва мӯшикофона тафсил ёфтааст.
Яке аз рӯйдодҳои дигари фараҳбахш ва дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар даврони соҳибихтиёрии давлатӣ муаллиф ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 мансуб медонад. Зеро Конститутсияи кишвар дурнамои пешрафти Тоҷикистонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд муайян карда, тамоми орзуву ормон ва ҳувияти озодихоҳиву озодиандешии мардуми тоҷикро дар худ ифода намуда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагонии босаодати ҳар фард заминаи мусоид фароҳам овард. Дар китоб саҳми Пешвои муаззами миллат дар раванди таҳия, қабул ва такмили минбаъдаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид мегардад.
Муаллиф таъкид менамояд, ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакатро дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ҳарчи тезтар хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, ба ҳам овардани миллати тоҷик ва рӯй овардан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ташкил медод. Дар робита ба ин масъала яке аз саҳифаҳои муҳимму дурахшони таърихи навини давлати ҷавони Тоҷикистонро ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ташкил медиҳад. Пас аз баргузории чандин даври музокирот ва гуфтушуниди сулҳи тоҷикон дар шаҳрҳои Алмато, Ашқобод, Бишкек, Исломобод, Кобул, Машҳад, Москва, Теҳрон ва Ҳусдеҳи Афғонистон таҳти сарпарастии нозирони байналмилалӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия созишномаи мазкур ба имзо расонида шуд. Воқеан, 27 июни соли 1997 дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол абадан бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Ба имзо расидани созишномаи мазкур гардиши куллиеро дар роҳи расидан ба ваҳдати саросарӣ, таъмини сулҳи деринтизор ва амалисозии ислоҳоти низоми давлатдорӣ рӯйи кор овард.
Дар асар ба маврид ишора мешавад, ки таъмини сулҳ, ваҳдати саросарӣ, ризоияти миллӣ, оромию субот дар ҷомеа, хомӯш кардани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба Ватан, аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ наҷот додани давлату миллати тоҷик аз бузургтарин ва беназиртарин хизматҳои тақдирсозеанд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлату миллати тоҷик анҷом додаанд.
Ба маврид таъкид мегардад, ки маҳз бо шарофати хизматҳои барҷаставу арзандаи таърихии ин абармарди бузурги саҳнаи сиёсат дар самти таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва рафъи хатари парокандашавии миллату заволёбии давлат бо дастгириву ташаббусҳои бевоситаи халқи Тоҷикистон якдилона бо қалби саршор аз меҳру муҳаббат ба ӯ унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон ва мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат лоиқ дониста шуда, аз тариқи қонун танзими ҳуқуқӣ пайдо кард.
Мактаби сулҳофарии Пешвои миллатро дар дунё беназир меҳисобанд. Итминон дорем, ки кохи муҳташами сулҳи тоҷикон, ки бо дастони ин чеҳраи сиёсии эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ бунёд шудааст, ҳазорсолаҳо бегазанд хоҳад монд. Бовар дорем, ки таҷрибаи бузурги сулҳоварӣ ва давлату миллатсозии Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон садсолаҳо мавриди омӯзиш, пазириш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлатҳои олам ва аҳли башар қарор хоҳад гирифт.
Муаллиф иброз менамояд, ки дар заминаи қабули қарорҳои таърихию тақдирсоз, ба роҳ мондани ташаббусҳои созандаву сиёсати ҳадафмандона ва андешидани силсилаи тадбирҳои мақсадноки фарзанди содиқу вафодори миллат – Пешвои маҳбуби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайваста заминаҳои боэътимоду устувори бунёди аркони давлатдории миллӣ гузошта шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифта, дар муҳлати кӯтоҳи таърихӣ соҳиби Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ ва тамоми рукнҳои давлатдории миллӣ гашт.
Муаллиф ба маврид таъкид менамояд, ки аз файзу баракати Истиқлоли давлатӣ ва самараи Ваҳдати миллӣ бо шарофати хизматҳои содиқона, ҷонфидоиву фаъолияти сарбаландона ва иқдому ташаббусҳои неки созанда ва ҳидоятҳои ҷавонмардонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифу сарбаланд, меҳнатдӯсту тамаддунофар, фарҳангсолору матиниродаи тоҷик дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати иқтисодиёти мамлакат гомҳои устувор гузошта истодааст. Яке аз муҳимтарин хусусияти рушди инфрасохтори нақлиётӣ таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Вақте ки минтақаҳои гуногуни кишвар тавассути роҳҳои босифат ба ҳам мепайванданд, муносибатҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиии мардум густариш меёбанд. Аз ин рӯ, роҳҳо на танҳо воситаи ҳаракати нақлиёт, балки воситаи наздикшавии қалбҳо ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ мебошанд (саҳ. 32).
Хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва эҳтироми суннату арзишҳои миллӣ, зинда гардонидани номи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ, муттафакирони оламшумули тоҷик, чеҳраҳои шинохтаи аҳли илму адаб беназиранд. Иқдомҳои амалинамудаи Пешвои миллат дар ин ҷода беихтиёр ба шинохт ва эътирофу эҳтироми дастовардҳои таърихии миллати тоҷик, гиромидошти мероси бою пурғановати ниёгонамон, густариши ҳувияти миллӣ ва боло рафтани ғуруру нангу номуси меҳанпарастӣ мусоидат намуданд. Дар китоб муаллиф яке аз омилҳои биёр муҳимми густариши ваҳдат ва худшиносии миллиро таваҷҷуҳ ба решаҳои аҷдодӣ ва қадрдонии шахсиятҳои таърихӣ, илмию фарҳангӣ ва миллӣ медонад (саҳ. 33).
Роҳбари давлати тоҷикон ба туфайли фаъолияти густурдаи сиёсати хориҷӣ ва ташаббусҳои созандаи сатҳи байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, хосатан миёни роҳбарони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва минтақа нуфузу эътибори баландро соҳиб буда, барои муаррифии шоистаи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон хизматҳои беназирро анҷом дода истодаанд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақил дар сатҳи байналмилалӣ бо сарварии Пешвои миллат бо як қатор ташаббусҳои нодиру барҷаста дар самти ҳалли масоили мубрами ҷомеаи башарӣ маъруфият пайдо кардааст. Робитаҳои Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид афзалияти бештар касб карда, барои рушду шукуфоии мамлакат аҳаммияти хосса доранд. Пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои умдаи сайёра ва пазироии онҳо аз ҷониби ин созмонҳои бонуфуз нишони арҷгузории байналмилалӣ маҳсуб мешаванд.
Дар натиҷаи амалисозии сиёсати сулҳҷӯёна ва бомароми хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти манфиатҳои миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисмати ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯзҳо бо беш аз 190 давлати дунё робитаҳои устувори дипломатӣ ба роҳ мондааст. Бо азму талошҳои пайгиронаи Сарвари маҳбуби Ватанамон Тоҷикистон дар дунё ҳамчун давлати ташаббускори ҳалли масъалаҳои дорои хусусияти глобалӣ эътироф шудааст. Ҷойи ифтихор аст, ки аксарияти ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра, хосатан оид ба оби тоза, дигаргуншавии иқлим, таъмини амният ва дигар мушкилоти экологӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо қаноатмандӣ қабул шудаанд. Давлати Тоҷикистон муаллифи панҷ ташаббуси бузург дар самти ҳалли мушкилоти глобалии сайёра оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза 2003», «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» мебошад, ки имрӯз дар сатҳи чаҳонӣ пазируфта ва амалӣ шуда истодааст. Ҳамзамон, аз ҷониби СММ ҷонибдорӣ ёфтани ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии пиряхҳо далели возеҳи аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудани иқдомҳои Пешвои муаззами миллат ҳамчун сиёсатмадори сатҳи баланди байналмиллаӣ маҳсуб мешавад.
Ҳамзамон дар бобҳои дахлдори асари мазкур муаллиф хизматҳои арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти пешрафти маориф, сиҳатии аҳолӣ ва муқовимат бо экстремизму терроризм махсусан таъкид менамоянд. Аз ҷумла, таъкид мешавад, ки аз рӯзҳои аввали касби истиқлоли давлатӣ масъалаи дастгирӣ ва таъмини пешрафти соҳаи маориф ва илм, дастгирии олимон дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Зимнан, муаллиф саҳми беназир ва хизматҳои таърихии Пешвои миллатро дар бунёди давлатдории навини миллӣ ва рушду пешрафти соҳаҳои калидии давлату ҷомеа ба таври ҳадафрас нишон медиҳад ва онро бо факту рақамҳои мушаххас ва маълумоти боэътимод собит менамояд. Аз ҷумла, дар асар таъкид мешавад, ки ба туфайли фаъолияти густурда ва созандаи хеш имрӯз Сарвари давлатро мардуми сарбаланду гавҳаршиноси тоҷик бо номҳои Пешвои миллат, Пешвои сулҳофар, Пешвои мардумӣ, Пешвои маҳбуб, Пешвои муаззам, Пешвои тоҷикони ҷаҳон ва даҳҳо таъбирҳои дигар ном мебаранд (саҳ. 479).
Ба андешаи муаллиф, тақдири неки миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик баландӣ кард ва дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон шахсияти беназири таърихӣ дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идораи давлатдориро ба даст гирифтанд, ки олитарин сифатҳои инсонӣ – бузургдиливу шуҷоат, раҳму шафқат, қобилияти нотакрори ваҳдатофарӣ, бахшоишу гузашт кардан дар ин шахсият нуҳуфта будаанд. Маҳз таҷаммуи ҳамин хислатҳои олии инсони Роҳбари давлат Тоҷикистони тозабунёд ва ҷомеаи кишварро ба худогоҳиву хештаншиносӣ ҳидоят мекунанд (саҳ. 481).
Натиҷаи таҳлилу омӯзиши асар собит менамояд, ки таъмини сулҳ, ваҳдати сартосарӣ, ризоияти миллӣ, оромию субот дар ҷомеа, хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ наҷот додани давлату миллати тоҷик, баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба Ватан, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини рушди устувори соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегии кишвар, барқарор сохтани фаъолияти мақомоти давлатӣ, таъмини қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ба роҳ мондани фаъолияти бомароми тамоми шохаҳои ҳокимият, бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва боло бурдани мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз бузургтарин хизматҳои тақдирсозеанд, ки дар масири 34 соли сипаришуда аз замони баргузории Иҷлосияи тақдирсоз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба хиради азалӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи мардуми сулҳпарвар ва қадршиноси тоҷик анҷом дода шудаанд.
Асари мазкур ҳамчун роҳнамо ва сарчашмаи боэътимоди маълумоти фаровон оид ба корномаҳои беназири Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар воқеъ бунёдгузори давлати навини миллии тоҷикон маҳсуб мешаванд, барои доираи васеи хонандагон ва шахсони худогоҳу меҳанпараст бисёр судманд хоҳад буд.
Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон