«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия — кафили адолати судӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар конференсия масъалаҳои марбут ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин рушди низоми адолати судӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебониссо Абдуллозода иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи асосии ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёд, таъмини адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ташкилот ба шумор меравад.
Таъкид гардид, ки дар шароити рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва густариши фаъолияти соҳибкорӣ нақши мақомоти судӣ дар ҳифзи ҳуқуқи моликият, баррасии одилонаи баҳсҳои иқтисодӣ ва таъмини риояи қонунгузорӣ боз ҳам муҳимтар мегардад. Аз ин рӯ, ҳар судя вазифадор аст зимни баррасии парвандаҳо ба меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда такя намуда, мустақилият, беғаразӣ ва адолатро таъмин намояд.
Иброз гардид, ки тибқи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният ва адолатро ҳифз менамояд. Ин меъёри конститутсионӣ асоси фаъолияти тамоми мақомоти судӣ, аз ҷумла Суди Олии иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Иштирокдорони конференсия доир ба аҳамияти Конститутсия дар таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ ва такмили қонунгузории соҳа андешаронӣ намуданд.
Ҳамзамон масъалаҳои баланд бардоштани масъулияти касбии судяҳо, риояи одоби судӣ, таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти судӣ ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба низоми адолати судӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ ба таҳлили амиқи меъёрҳои конститутсионӣ, табодули таҷрибаи касбӣ ва муайян намудани роҳҳои такмили фаъолияти мақомоти судӣ мусоидат менамояд.
Дар фарҷоми конференсия иштирокдорон доир ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, зарурати таҳкими минбаъдаи волоияти қонун ва риояи бемайлони меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъкид карданд.
АКС: АМИТ «Ховар»