Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум байни Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази миллии дастхатҳо ва китобҳои нодири Кумитаи бойгонӣ ва ҳуҷҷатгузории Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ ба имзо расид.
Тибқи иттилои Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, дар Ёддошти тафоҳум тарафҳо уҳдадоранд, ки дар самтҳои зерини табодули захираҳои иттилоотӣ: барқарорсозии ёдгориҳои хаттӣ, феҳристнигорӣ ва рақамикунонии онҳо, инчунин эҷод ва табодули микрофилмҳо аз нусхаҳои рақамии нашрияҳои дастнавис, ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва мубодилаи таҷриба дар феҳристнигорӣ ва таҷдиду барқарорсозӣ, аз ҷумла дастнависҳо, литографияҳо, варақаҳои чопӣ, захираҳои рақамӣ ва ҳуҷҷатҳои дастнавис ҳамкорӣ кунанд.
Инчунин тибқи санад ҳамкорӣ дар лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои китобшиносӣ, дастнависҳои китобҳои нодир, таҳияи стандартҳо, ҳифз ва нигоҳдорӣ, кодикология ва омӯзиши дастнависҳо, таҳқиқоти муқоисавӣ, инчунин дар соҳаи технологияҳои нави иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон тарафҳо барои иштироки бойгонишиносон ва муҳаққиқон дар машваратҳо, конфронсҳо, машғулияти такмили ихтисос ва гузаронидани намоишҳо ба мувофиқа расиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»