Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди паёми шодбошӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ зарур шумориданд, ки шароити шиддат гирифтани таъсиргузории забонӣ мутахассисони соҳа

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди паёми шодбошӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ зарур шумориданд, ки шароити шиддат гирифтани таъсиргузории забонӣ мутахассисони соҳа бояд, ки низоми истилоҳсозии забонро аз ҳисоби имконоти маъноиву луғавии он боз ҳам ғанӣ гардонанд ва дар заминаи захираи луғавии аслии тоҷикӣ истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд.

Пешвои миллат иброз намуданд, ки истифодаи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет низ аз олимону мутахассисони соҳа талаб мекунад, ки навигариҳои илмиву соҳавиро, бо назардошти арзишҳои миллию фарҳангии мардуми тоҷик ба хотираи он ворид намоянд.

«Хотирнишон менамоям, ки забони гуфториву навиштории тоҷикӣ имрӯз ҳамчун падидаи муҳимми шуури миллӣ яке аз омилҳои таҳкимбахши худогоҳиву худшиносии насли наврас ва ҷавонон ба шумор меравад.

Бинобар ин, мо бояд мақоми иҷтимоӣ, зарурати дар сатҳи аъло донистани забон ва эҳтирому бузургдошти забони модариамонро дар байни кӯдакон ва наврасону ҷавонон ҳанӯз аз зинаҳои аввали таълиму тарбия ҳарчи бештар тарғиб намоем», -таъкид намуданд Президенти мамлакат.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки насли наврас ва ҷавони мо бояд огоҳ бошанд, ки бе донистани забони адабии тоҷикӣ ва риояи қоидаҳои маъноиву дастурии он омӯхтан ва азхуд намудани забонҳои хориҷӣ бисёр мушкил ва ҳатто номумкин аст.

«Фарзандони мо бояд дарк намоянд, ки забон на танҳо василаи ибрози андеша, балки падидаи нодири иҷтимоиест, ки дар он таъриху тамаддуни пурифтихор, фарҳангу маънавиёти гаронбаҳои мардумӣ ва эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ нуҳуфтааст»,-таъкид намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"