Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кёлн мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо роҳбарияти ширкати LANXESS AG баргузор гардид. Тавре ба АМИТ

ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кёлн мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо роҳбарияти ширкати LANXESS AG баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо имконоти густариши ҳамкории иқтисодию саноатӣ, ба хусус дар соҳаи саноати кимиё, инчунин дурнамои рушди шарикии дарозмуддат ва мутақобили судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ширкати LANXESS AG, ки қароргоҳи марказии он дар шаҳри Кёлн ҷойгир аст, яке аз ширкатҳои пешбари Олмон дар соҳаи кимиёи махсусгардонида буда, дорои 48 корхонаи истеҳсолӣ дар саросари ҷаҳон ва тақрибан 11,5 ҳазор корманд дар 32 кишвар мебошад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Источник: АМИТ "Ховар"