Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд

АМИТ "Ховар" ·

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқис…

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 5 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.

Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ, аксҳои сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстию бародарӣ идона ороста шуда буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев бо нишони эҳтироми баланд Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Источник: АМИТ "Ховар"