Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон бо Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармс мулоқот намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон бо Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармс мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо роҳҳои тақвияти ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Олмон дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузориро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаҳои густариши робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории ду мамлакат ва татбиқи ташаббусҳои муштарак таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон