ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд барои фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, раванди омодагӣ таҳти назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд барои фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, раванди омодагӣ таҳти назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳо дар давраи тирамоҳу зимистон омодагии ҳамаҷониба ба мавсими сармо ва сари вақт захира намудани маводи зарурӣ аҳамияти муҳим дорад.

Роҳбарияти Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки барои таъмини гармии муассиса дар мавсими сармо захираи ангишт ва гази табиӣ омода карда шудааст. Бо ҷалби мутахассисон корҳои омодагӣ дар маркази гармидиҳӣ ба анҷом расида, фаъолияти дегхона бо истифода аз гази табиӣ ва ангишт амалӣ карда шудааст.

Инчунин дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд шароити хизматрасонии тиббӣ, корҳои ободонӣ ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон идома дорад. Ин беморхона яке аз муассисаҳои бузурги соҳаи тандурустии вилоят ба ҳисоб рафта, барои фаъолияти мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 омодагии ҳамаҷониба дидааст.

Дар баробари ин, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беморхона шуъбаҳои таъмирталаб аз таъмири асосӣ бароварда шуда, барои беҳтар намудани шароити фаъолият тадбирҳои созанда амалӣ мегарданд. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бобати харидории доруворию маводи хӯрокворӣ барои беморон, таъмиру навсозии шуъбаҳо ва харидани таҷҳизоти тиббӣ ҳамасола маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.

Ҳадафи асосии ин тадбирҳо беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ, истифодаи роҳу усулҳои муосири ташхису табобат ва саҳмгузорӣ дар ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.

Дар муассиса ҳамчунин барои истифодаи самараноки имконоти мавҷуда, баланд бардоштани малакаи касбии кормандон ва ворид намудани дастгоҳу таҷҳизоти наву замонавӣ тадбирҳо амалӣ карда мешаванд. Дар шароити рушди босуръати илму техника истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи тандурустӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.

Дар маҷмуъ, барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилояти Суғд дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 ситоди вилоятӣ ташкил гардида, раванди омодагӣ таҳти назорати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Источник: АМИТ "Ховар"