БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд

АМИТ "Ховар" ·

БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» дар Тоҷикистон 544 майдончаи варзишӣ сохта шуда, беш аз 15 ҳазор наврасону ҷавонон ба машқу тамрини футбол фаро гирифта шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Таъмини рушди футбол дар Тоҷикистон

Футбол яке аз намудҳои рушдёфтаи соҳаи варзиш дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар байни аҳолӣ нисбат ба дигар намудҳои варзиш маҳбубияти зиёд касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо барои рушди ин намуди варзиш тамоми имкониятро фароҳам овардааст.

Таъмини рушди футбол дар Тоҷикистон ва дастгирии варзишгарон, хусусан футболбозон дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Бо назардошти аҳамияти ин намуди варзиш ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи он «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» қабул гардид.

Зиёда аз 89 миллион сомонӣ барои барнома

Маблағгузории умумии барномаи мазкур 89 миллиону 185 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ин ҳисоб 14 миллиону 700 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 74 миллиону 485 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Федератсияи футболи Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Татбиқи чорабиниҳои барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ тавассути Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳисоби маблағҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон дар доираи нақшаҳои пешбинигардида амалӣ карда мешавад.

Таҳкими заминаи моддию техникии футбол

Яке аз самтҳои афзалиятноки барномаи мазкур бунёду навсозии иншооти варзишӣ, таъсиси майдонҳои нави футбол ва беҳтар намудани шароити машқу тамрини варзишгарон ба ҳисоб меравад.

Дар давраи солҳои 2022–2026 бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ, инчунин саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 8 майдони варзишӣ ва 544 майдончаи варзишӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд ва 13 майдони варзишӣ таъмиру таҷдид гардидааст.

Бунёду навсозии иншооти мазкур барои васеъ гардидани имконияти машқу тамрини футболбозон, ҷалби бештари кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба варзиш, рушди футбол дар маҳалҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои оммавигардонии ин намуди варзиш заминаи муҳим фароҳам меорад.

Ҳамзамон 23 июни соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба истифода дода шуд.

Маркази мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити муосир барои рушди ҳамаҷонибаи футболи кишвар бунёд гардида, барои гузаронидани машқу тамринҳои футболбозон, омодасозӣ ва такмили ихтисоси мураббиён, доварон ва дигар мутахассисони соҳа, инчунин рушди футболи кӯдакону наврасон, ҷавонон, духтарон ва дастаҳои касбӣ пешбинӣ шудааст.

Ба истифода додани чунин иншооти замонавӣ дар таҳкими заминаи моддию техникии футбол, баланд бардоштани сифати омодагии варзишгарон, такмили маҳорати касбии мутахассисон, дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва оммавигардонии футбол дар кишвар аҳаммияти хосса дорад.

Дар баробари бунёд ва навсозии иншооти варзишӣ масъалаи нигоҳдории дуруст ва истифодаи самараноки онҳо низ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад. Бо ин мақсад Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо сохторҳои маҳаллӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои таъмини ҳолати хуби техникӣ, тозаву озода нигоҳ доштан, таъмиру таҷдид ва истифодаи мақсадноки майдонҳои варзишӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Фаъолияти муассисаҳои махсуси варзишӣ

Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 октябри соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 17 муассисаи махсуси варзишӣ аз рӯйи намуди футбол фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии муассисаҳои мазкур 1 адад дар шаҳри Душанбе, 6 адад дар вилояти Суғд ва 10 адад дар вилояти Хатлон фаъолият доранд. Муассисаҳои мазкур дар самти ҷалби кӯдакону наврасон ба машғулияти футбол, дарёфт ва тарбияи истеъдодҳои ҷавон, ташаккули маҳорати варзишӣ ва омода намудани захираи варзишии кишвар нақши муҳим доранд.

Фаъолияти мунтазами чунин муассисаҳо имкон медиҳад, ки кӯдакону наврасон аз хурдсолӣ ба машқу тамрин фаро гирифта шуда, дар баробари такмили маҳорати футболбозӣ сифатҳои ҷисмонӣ, иродавӣ ва ахлоқии онҳо низ ташаккул дода шаванд.

Рушди футболи духтарона

Дар муассисаҳои махсуси варзишии мамлакат аз рӯйи намуди футбол ва дигар муассисаҳои варзишии ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 825 гурӯҳи таълимию тамринӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 37 гурӯҳро гурӯҳҳои футболбоздухтарон ташкил медиҳанд. Нишондиҳандаи мазкур аз фароҳам гардидани имконияти мусоид барои фарогирии кӯдакону наврасон ба машғулияти футбол ва тадриҷан густариш ёфтани иштироки духтарон дар ин намуди варзиш шаҳодат медиҳад.

Дар ин замина ҷалби бештари духтарон ба футбол, таъсис ва рушди гурӯҳҳои махсуси таълимию тамринӣ, баланд бардоштани маҳорати варзишии футболбоздухтарон ва омода намудани варзишгарони соҳибистеъдод аз ҷумлаи самтҳои муҳими рушди минбаъдаи футбол дар кишвар ба ҳисоб меравад.

Фарогирии наврасону ҷавонон ба футбол

Мувофиқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати моҳи октябри соли 2026 дар гурӯҳҳои футбол дар маҷмуъ 15 ҳазору 445 нафар наврасону ҷавонон ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 1850 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Фарогирии чунин шумораи наврасону ҷавонон ба машғулияти футбол яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди ин намуди варзиш дар кишвар ба шумор рафта, барои дарёфт ва тарбияи футболбозони соҳибистеъдод, ташаккули захираи варзишӣ ва омода намудани варзишгарони касбӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҷалби наврасону ҷавонон ба футбол на танҳо ба таҳкими саломатӣ ва рушди қобилияти ҷисмонии онҳо мусоидат менамояд, балки дар ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, интизом, ҳамкорӣ, иродаи қавӣ ва эҳтиром ба арзишҳои варзишӣ низ нақши муассир мегузорад.

Натиҷаҳои асосӣ ва дурнамои рушди футбол

Таҳлили нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида собит менамояд, ки дар доираи татбиқи «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» дар самти таҳкими инфрасохтори варзишӣ, беҳтар намудани шароити машқу тамрин, фаъолияти муассисаҳои махсуси варзишӣ ва фарогирии наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд.

Бунёду таъмири иншооти варзишӣ, ба истифода додани Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон, фаъолияти муассисаҳои махсуси варзишӣ ва гурӯҳҳои таълимию тамринӣ барои рушди футболи кӯдакон ва наврасон, омода намудани захираи варзишӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии футболбозон заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Дар баробари ин, густариши иштироки духтарон дар машғулияти футбол аз самтҳои муҳимми рушди минбаъдаи соҳа ба ҳисоб рафта, тақозо менамояд, ки барои зиёд намудани шумораи гурӯҳҳои футболбоздухтарон ва фароҳам овардани шароити мусоиди тамрин тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд.

Дар маҷмуъ, татбиқи “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026” ба таҳкими заминаи моддию техникии соҳа, рушди инфрасохтори варзишӣ, оммавигардонии футбол, зиёд намудани шумораи наврасону ҷавонони ба машғулияти футбол фарогирифта ва омода намудани варзишгарони соҳибистеъдод равона гардидааст.

Идомаи татбиқи ҳадафҳои барнома, истифодаи самараноки имконияти мавҷуда, тақвияти ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша барои рушди минбаъдаи футбол, тарбияи насли нави футболбозони касбӣ ва баланд бардоштани мақому нуфузи футболи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.

Зарангези ЛАТИФ, АМИТ «Ховар»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"