ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, панҷшанбе, 316-умин рӯзи соли 2026 аст
АМИТ "Ховар" ·
12 ноябри соли 2015 дар қароргоҳи Президенти Покистон дар вазъияти тантанавӣ маросими супоридани унвони фахрии «Доктори фалсафа ва иқтисод»-и Донишгоҳи Қоиди Аъзам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
***
12 ноябри соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан дар «Боғи миллии Тоҷикистон», воқеъ дар қисми ғарбии пойтахт шинос шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ, ки дар мавзеи Ла-Виллет баргузор гардид, иштирок намуданд. Ҳамзамон дар қароргоҳи ЮНЕСКО, воқеъ дар шаҳри Париж дар ҷаласаи 40-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим иштирок ва суханронӣ карданд.
***
12 ноябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар доираи конфронс Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имоми акбари муассисаи “Ал-Азҳар”-и Миср доктор Аҳмад Ат-Тайиб ва Президенти Бонки осиёии рушд Масатсугу Асагава мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони cоли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
12 НОЯБР:
Рӯзи ҷаҳонии сифат.
***
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории илтиҳоби шуш.
***
Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон – Рӯзи Конститутсия.
РӮЙДОДҲО:
12 ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон ва Туркманистон доир шуд.
***
12 сол пеш, 12 ноябри соли 2014 ба дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Ҷоми чемпионӣ барои ғалаба дар Чемпионати Тоҷикистон-2014 супорида шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 «Боғи миллии Тоҷикистон» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.
***
12 ноябри соли 2015 дар шаҳри Исломобод ҷаласаи якуми Шурои соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид.
***
12 ноябри соли 2021 дар шаҳри Париж дар доираи иҷлосияи 41-уми Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари Мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ хонум Шамила Наир-Бедуэлле доир гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1984 дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия конфронси Созмони ваҳдати Африқо дар сатҳи роҳбарони кишварҳо баргузор гардид.
***
Соли 1993 дар Узбекистон асъори нав-сом ба муомилот бароварда шуд.
***
Соли 1970 дар Ҳиндустон ва Покистон дар натиҷаи шадидтарин тундбоди асри XX зиёда аз 500 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Талабхӯҷа Сатторов-соли 1953 — оҳангсози тоҷик, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1966), барандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Борбад (1990), профессор (2000), собиқ Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва нахустин ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон (2003—2007).