Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид. Созишнома 7 ноябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин давлат ба имзо расонида шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар медиҳад, имзои санад ба рушди ҳамкории мутақобили судманд дар бахши нафту газ, таъмини устувори бозори дохилии Тоҷикистон бо маҳсулоти нафтӣ, диверсификатсияи манбаъҳои воридот ва таҳкими амнияти энергетикии ҷумҳурӣ равона гардидааст.
Тибқи созишнома, ҷонибҳо барои мусоидат ба таҳвили маҳсулоти нафтии истеҳсоли Қазоқистон ба Тоҷикистон, аз ҷумла бензини автомобилӣ, сӯзишвории дизелӣ, сӯзишвории авиатсионӣ, гази моеъ, битум, мазут ва дигар намудҳои маҳсулоти нафтӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд.
Яке аз самтҳои муҳими созишнома ба роҳ мондани ҳамкории мустақим байни истеҳсолкунандагону таъминкунандагони қазоқистонӣ ва ширкатҳои воридкунандаи Тоҷикистон мебошад.
Нуктаи муҳими дигари санад пешбинӣ намудани механизми ҳамасолаи мувофиқаи ҳаҷми таҳвили маҳсулоти нафтӣ мебошад. Мутобиқи он ҷонибҳо то 1 октябри ҳар сол ҳаҷми эҳтимолии таҳвили маҳсулоти нафтиро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон барои соли минбаъда мувофиқа намуда, тавозунҳои индикативиро бо назардошти талаботи бозори дохилии Тоҷикистон ба имзо мерасонанд.
Дар баробари ин созишнома баррасии имконияти бунёди корхонаҳои нави коркарди нафт ё тавсеаи иқтидори мавҷудаи коркарди нафт дар Қазоқистонро бо назардошти эҳтиёҷоти Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.
Имзои ин санад қадами муҳим дар самти тавсеаи ҳамкории соҳавии Тоҷикистон ва Қазоқистон буда, барои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фароҳам овардани имконияти нави таъминоти бозори дохилӣ бо маҳсулоти нафтӣ ва таҳкими шарикии стратегию муносибатҳои ҳампаймонии ду давлати дӯст заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки 7 ноябр пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»