Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
АМИТ "Ховар" · · g524901

ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр дар шаҳри Москва ҳунармандони Театри давлатии Академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоиши «Достони Сиёвуш»-ро ба саҳна гузоштанд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» дар Русия хабар медиҳад.
Намоиш бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба хотири татбиқи барномаҳои рушди фарҳанги миллӣ дар ҳамкорӣ бо Театри давлатии Академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар толори «Мастерская – 12»-и Никита Михалков пешниҳод гардид.
Ин намоиш аз ҷониби коргардон Баҳром Қурбонзода аз рӯйи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ таҳия гардидааст.
Ҳунармандон бо маҳорати баланд ва иҷрои таъсирбахши нақшҳо таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуданд. Дар ҷараёни намоиш ҳунармандони театри тоҷик бо ҳунари касбии худ муҳтавои асарро ба таври таъсирбахш ба тамошобинон пешниҳод карда, паёмҳои ахлоқиву маънавии онро равшан инъикос намуданд.
Ба гуфтаи мушовири Сафорати Эрон дар Русия, директори Маркази фарҳангии назди Сафорати Эрон дар Русия Абдулрезо Рошед, он чизе, ки дар саҳна намоиш дода шуд, чанд маротиба болотар аз он буд, ки интизораш буданд.
Намоиши «Достони Сиёвуш» таърих ва тамаддуни миллати тоҷику форсро инъикос карда, тарғибгари некӣ, дӯстӣ, адолатхоҳӣ ва инсондӯстию мардонагӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки намоишномаи «Достони Сиёвуш» дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» сазовори шоҳҷоиза гардида буд.
АКС: АМИТ «Ховар»