Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳамоҳангсозии корҳои омодагӣ ба баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» байни роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи тамаддунҳои шаҳри Рим мулоқоти маҷозӣ

ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳамоҳангсозии корҳои омодагӣ ба баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» байни роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи тамаддунҳои шаҳри Рим мулоқоти маҷозӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Дар мулоқот директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода ва директори Осорхонаи тамаддунҳои Рим доктор Луана Тониоло, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия Ҷамолиддин Убайдулло, инчунин мутахассисони ҳар ду муассисаи фарҳангӣ, ки дар самтҳои ташкилию намоишгоҳӣ, илмӣ ва техникии омодасозии намоишгоҳ масъулият доранд, иштирок намуданд.

Зимни мулоқот маҷмуи масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва баргузории намоишгоҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба лоиҳаи ангоравии намоишгоҳ, таҳия ва омода намудани баннерҳо ва феҳристи намоишгоҳ, тарҷума ва таҳрири матнҳои тавзеҳотии нигораҳо, инчунин ҷанбаҳои техникии интиқол, бастабандӣ, насб ва барчидани ашёи осорхонавиро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон масъалаи иштироки мутахассисони ҳар ду ҷониб дар марҳилаҳои насб ва барчидани нигораҳо, риояи талаботи техникию осорхонавӣ ҳангоми кор бо ашёи намоишӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба омодасозии ҳамаҷонибаи намоишгоҳ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар мулоқот ҷонибҳо зарурати ҳамоҳангсозии пайвастаи корҳои ташкилӣ, илмӣ ва техникии марбут ба намоишгоҳро таъкид намуда, барои идомаи ҳамкории муштарак ибрози омодагӣ намуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"