Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд

ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик дар доираи

ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик дар доираи ҷаҳони бисёрқутба: ҳолат ва дурнамо» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»

Дар конференсия олимону муҳаққиқон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ масъалаҳои мубрами геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик, равандҳои сиёсӣ ва амниятии минтақа, тағйироти геоиқтисодӣ, инчунин таъсири ин равандҳо ба муносибатҳои минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Иброз гардид, ки Шарқи Миёна ва Наздик ҳамчун яке аз минтақаҳои муҳими низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ дар шароити ташаккули ҷаҳони бисёрқутба мавқеи хос доранд. Равандҳои геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии дар ин минтақа ҷараёнёбанда ба таҳаввулоти минтақавӣ ва байналмилалӣ таъсири назаррас мерасонанд.

Дар анҷоми конференсия  масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи таҳқиқоти минтақавӣ мавриди музокира қарор гирифтанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"