Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Афзалиятҳои сармоягузории Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, ки дар шаҳри Истамбул баргузор гардид, муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиш муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода доир ба самтҳои афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» сухан намуд.
Фаррух Юсуфзода оид ба таъмини амнияти энергетикӣ, рушди робитаҳои нақлиётӣ, баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, идоракунии захираҳои обӣ ва ҷалби сармояи хусусӣ дар Тоҷикистон маълумот дод.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҳадаф дорад аз кишвари дорои маҳдудиятҳои ҷуғрофӣ ба кишвари пайвандгари минтақавӣ табдил ёфта, дар таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҳамгироии кишварҳои минтақа нақши муҳим бозад.
Ҳамзамон натиҷаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонк мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои муассиси Бонк то имрӯз барои татбиқи чор лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт ба маблағи умумии зиёда аз 430 миллион доллари амрикоӣ маблағгузории тасдиқшуда дорад.
Дар вохӯрӣ ба имзо расидани «Барномаи бисёрсолаи сармоягузорӣ барои солҳои 2026–2029» дар моҳи майи соли 2026 бо ҳаҷми пешбинишудаи тақрибан 800 миллион доллари амрикоӣ таъкид гардид.
Дар анҷом Фаррух Юсуфзода омодагии Тоҷикистонро барои идомаи ҳамкории фаъолу судманд ва саҳмгузорӣ дар ташаккули минтақаи аз ҷиҳати инфрасохторӣ пайваст, аз лиҳози экологӣ устувор ва ба тағйирёбии иқлим тобовар изҳор намуд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон