Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
АМИТ "Ховар" · · g3169070
ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 23 октябр дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия иҷлосияи 54-уми Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар доираи иҷлосия ҷаласаҳои пленарӣ ва чорабиниҳо баргузор шуданд, ки дар он масъалаҳои мубрами таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани устувории низомҳои озуқаворӣ, татбиқи тавсияҳои байналмилалӣ дар соҳаи сиёсати озуқаворӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон дар доираи иҷлосия муовини якуми раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Ширинҷонзода бо директори Маркази ҳамоҳангсозии системаҳои ғизои Созмони Миллали Муттаҳид Карлос Уотсон мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолият ва дурнамои ҳамкории минбаъда барои соли 2027 табодули афкор намуданд.
АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон