Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод чораҳои зарурӣ андешида шуда, аз ҷумла ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ захира гардидааст. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод иттилоъ доданд. Барои фасли зимистон 60 тонна ангишт, 1950 куб ҳезум, 505 литр сузишвории дизелӣ дар муассисаҳои таълимӣ захира карда шудааст. Дар ин самт асосан муасиссаҳои таълими деҳаҳои дурдаст таҳти назорат гирифта шудаанд, то дар фасли зимисон ба мушкилӣ дучор нагарданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Муъминобод 56 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, дорои 301 адад печи барқӣ, 11 адад буғхона ва 420 адад печи аловӣ мебошанд.

Бо мақсади пурра таъмин намудани сокинон бо қувваи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон аз тарафи шабакаҳои барқи ноҳия низ корҳои таъмир, илова намудани равғани трансформаторҳои қудратӣ бо таҷҳизоти қудратии равғандор, буриши дарахтон дар хатҳои барқ ва дигар чорабиниҳои омодагӣ ба мавсими сармо гузаронида мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"