Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

РӮДАКӢ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Конститутсия – бахтномаи миллат ва пояи устувории давлатдории миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд .

Иброз гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдории навини тоҷикон нақши бузург дорад. Ҳамчунин баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-назариявӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими худшиносии миллию шаҳрвандии ҷавонон аҳаммияти муҳим дорад.

Дар ҳамоиш прокурори ноҳияи Рӯдакӣ Мутеъулло Раҷабзода дар мавзуи риояи талаботи Конститутсия, волоияти қонун ва масъулияти шаҳрвандон дар назди ҷомеаву давлат маъруза намуд. Мавсуф доир ба аҳаммияти риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, эҳтиром ба қонун ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи қонунмеҳварӣ андешаҳои судманд баён кард.

Ҳамчунин иброз гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санади сарнавиштсоз дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди кишварро зарур аст, ки меъёрҳои онро омӯзад, эҳтиром намояд ва риояи қонунро сармашқи фаъолияти ҳаррӯза қарор диҳад.

Зимни ҳамоиш ба ғолибони озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсия», ки бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишҷӯён баргузор гардид, «Сипоснома» тақдим карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Источник: АМИТ "Ховар"