Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол тибқи нақша кишоварзони мамлакат дар 223 ҳазору 033 гектар кишти тирамоҳӣ мегузаронанд.  То 22 сентябр дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ кишти тирамоҳию барвақтӣ дар 4059

ДУШАНБЕ, 27. 09 .202 6 /АМИТ «Ховар»/. Имсол тибқи нақша кишоварзони мамлакат дар 223 ҳазору 033 гектар кишти тирамоҳӣ мегузаронанд .  То 22 сентябр дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ кишти тирамоҳию барвақтӣ дар 4059 гектар гузаронида шуда, аз ҷумла ғалладонагиҳо 1795 гектар ва сабзавот 2264 гектарро ташкил медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии  Чумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Кишоварзон барои гирифтани ҳосили фаровон аз кишти тирамоҳӣ шудгори саривақтӣ ва хушсифат мегазаронанд. Агар кишоварзон ҳангоми шудгор омили беҳдошти заминро риоя намоянд, ҳатман ҳосили хуб ба даст меоранд. Ҳамчунин барои ғанӣ намудани таркиби хок ва ба даст овардани ҳосили баланд истифодаи нуриҳои минералӣ ба нафъи кор аст. Инчунин омили дигари серҳосилӣ аз сифатнокии тухмиҳо вобастагӣ дорад.

Кишти барвақтии зироати ғалладонагӣ дар тирамоҳ имконият медиҳад, ки майдони кишт то зимистон бо майсаи барвақтии пурқувват пӯшонида шавад. Яъне решаи растанӣ то фарорасии зимистон обутоб меёбад. Ба назари коршиносон, кишти зироате, ки дар моҳҳои октябр ва ноябр гузаронида мешавад, майсааш  фасли зимистонро хуб гузаронида барои давраи минбаъда омода мешавад.  Ба ибораи дигар, кишти барвақтии зироати ғалладонагӣ гарави ҳосили баланд аст.

Кишти тирамоҳӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат, танзими нарх дар бозорҳои истеъмолӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешавад.

Дар давраи тирамоҳ кишоварзони мамлакат кишти картошкаро низ мегузаронанд. Кишти тирамоҳии картошка ба хотири ҳосили барвақтӣ гирифтан аз он гузаронида мешавад. Ин кор дар ноҳияҳои вилояти Хатлон аз нимаи дуюми моҳи ноябр то 10-15 моҳи декабр идома меёбад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ин маърака метавонад дар ҳамин вақт ва ё моҳи феврал гузаронида шавад. Ин амал дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ тавсия дода намешавад.

Инчунин кишти барвақтии пиёз моҳҳои август-сентябр гузаронида шуда, кишти ояндаи он метавонад моҳи феврал ба анҷом расад. Мо метавонем, ки дигар зироати кишоварзӣ, масалан кишти карам, баъдтар кишти сабзиро низ ба роҳ монем ва барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ин кор хеле таъсири муфид мерасонад.

АКС аз бойгонӣ

Источник: АМИТ "Ховар"