Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 18.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар Тоҷикистон 10 ҳазору 734 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Барои бартараф намудани ҳолати ошкоргардида аз ҷониби зерсохторҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 9 ҳазору 492 дастур, нисбат ба 9 ҳазору 573 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, 529 мавод ба Хадамоти иҷро фиристода шуд.
Аз 10 ҳазору 734 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал 7 ҳазору 136 ҳолати он бартараф карда шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»