Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар Полша зимни вохӯрии муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Полша Юранд Дроп дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар Полша зимни вохӯрии муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Полша Юранд Дроп дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро дар соҳаҳои идоракунии молияи давлатӣ, қарзи давлатӣ, бозори коғазҳои қиматнок, амалиёти хазинадорӣ ва рақамикунонӣ муҳокима намуданд.
Ҳамчунин ба масъалаи баимзорасонии Ёддошти тафоҳум барои ба роҳ мондани машваратҳои коршиносӣ ва сафарҳои табодули таҷриба таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон