Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд таҳти унвони «Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ» Форуми дуюми сулҳи Фарғона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ
ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ « Ховар » /. Имрӯз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд таҳти унвони « Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ » Форуми дуюми сулҳи Фарғона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ « Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Форум ба солгарди қабули Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ бахшида шудааст. Дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, доираҳои дипломатӣ, марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои ҷавонон ва занон, инчунин намояндагони ҷамоатҳои маҳаллии се давлат—Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки водии Фарғона на танҳо фазои ҷуғрофии се давлатро ба ҳам мепайвандад, балки фазои таърихи муштарак, фарҳанг, робитаҳои инсонӣ ва суннатҳои неки ҳамсоягӣ мебошад.
Дар форум ба аҳамияти таърихии Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ, ки 31 марти соли 2025 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расидааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҳамзамон байни се давлат Созишнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии онҳо ба имзо расид.
Ин санадҳо шаҳодати муҳими иродаи сиёсии роҳбарони се давлат барои ҳалли осоиштаи масъалаҳои мураккаб, таҳкими эътимоди мутақобил ва ташаккули сатҳи нави муносибатҳои неки ҳамсоягӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки Эъломияи Хуҷанд талошҳои мардуми минтақа барои сулҳ, эҳтироми мутақобил ва ҳамсоягии нек, инчунин омодагӣ ба ҳамкории муштарак барои ояндаи устувор ва шукуфони водии Фарғонаро инъикос менамояд.
Дар идома ба таҷрибаи Тоҷикистон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Гуфта шуд, ки сулҳ ва ваҳдати миллӣ муҳимтарин шароити таҳкими давлатдорӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва пешрафти минбаъдаи давлат мебошанд.
Дар ин замина, Форуми дуюми сулҳи Фарғона ҳамчун саҳми муҳим дар рушди муколамаи бисёрсатҳа байни сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи коршиносӣ, созмонҳои байналмилалӣ, марказҳои илмӣ-таҳлилӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ мегардад. Тазаккур дода шуд, ки водии Фарғона бояд, пеш аз ҳама, ҳамчун фазои сулҳ, эътимод, ҳамкорӣ ва имконоти нав дарк карда шавад.
Форуми дуюми сулҳи Фарғона ҳамчун платформа барои муколамаи озоди коршиносӣ, институтсионалӣ ва ҷамъиятӣ оид ба таҳкими сулҳ, эътимод, ҳамсоядории нек ва ҳамкории устувор байни давлатҳо ва халқҳои водии Фарғона хизмат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки форум бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ташкил гардида, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Он 29 сентябр низ идома меёбад.
Дар рӯзи дуюми форум баргузории чорабиниҳое пешбинӣ шудааст, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкории ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ, таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва пешбурди ташаббусҳои мусоидаткунанда ба сулҳ, эътимоди мутақобил ва рушди устувори минтақа равона хоҳанд шуд.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон