Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 08.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 726 ҳазору 257 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташриф оварданд. Аз ин шумора 1 миллиону 551 ҳазору 200 нафар ро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, аз шумораи умумии сайёҳони хориҷӣ 154 ҳазору 240 нафар аз мамлакатҳои хориҷи дур ва 1 миллиону 396 ҳазору 960 нафар аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон омадаанд. Ин нишондиҳандаҳо аз таваҷҷуҳи бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон ва имконоти сайёҳии он шаҳодат медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дорои захираҳои ғании сайёҳӣ, аз ҷумла манзараҳои нодири табиӣ, кӯҳҳои сарбафалак, кӯлҳои зебо, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии ғанӣ буда, солҳои охир барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Соли равон дар мамлакат «Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул карда шуд. Тибқи арзёбии ин барнома, дар Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари сайёҳӣ мавҷуд буда, барои кашфи мавзеъҳои нав шароит фароҳам оварда шудааст.

Барнома ба рушди босуръати соҳаи сайёҳӣ дар минтақаҳо барои баланд бардоштани некуаҳволӣ ва сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат намуда, ба ҳифзи таърихи бостонӣ, муаррифӣ ва таблиғоти манзараҳои ҷолиби кишвар, тарғибу оммавигардонии фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани худшиносии аҳолӣ равона шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"