Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд

АМИТ "Ховар" ·

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд

ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар шаҳри Боку бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон аҳаммияти таърихию сиёсии ин санаҳои муҳим, ба хусус Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташаккул ва таҳкими давлатдории миллати тоҷик таъкид намуд.

Дар ин замина нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, барқарорсозии сохти конститутсионии мамлакат, пойдор намудани сулҳу оромӣ ва эҳёи рукну рамзҳои давлатдории миллии тоҷикон, аз ҷумла қабули Конститутсия ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.

Дар идома донишҷӯёни тоҷик оид ба ҷанбаҳои гуногуни ин санаҳои таърихӣ, дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ ва рушди мамлакат ибрози назар намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Источник: АМИТ "Ховар"