Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Усулҳои инноватсионии рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, олимону коршиносон аз ҷумҳуриҳои Узбекистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Чин ва Русия конфренсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Пеш аз оғози конференсия намоиши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд. Ҳадафи асосии ҳамоиши байналмилалӣ баррасии масъалаҳои рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим, усулҳои технологияи инноватсия, муайян намудани роҳҳои самаранокии татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва рушди ҳамкории байналмилалӣ мебошад.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода иброз намуд, ки «тағйирёбии иқлим, камшавии захираҳои об ва баланд шудани ҳарорати ҳаво аз соҳаи кишоварзӣ истифодаи технологияҳои каммасраф, сохтмони гармхонаҳои муосир, амалӣ намудани усулҳои инноватсионии обёрӣ (ба монанди обёрии қатрагӣ) ва парвариши навъҳои ба хушкӣ ва шӯршавии замин тобовари зироатро талаб менамоянд».

Таъкид гардид, ки рушди инноватсионии илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ ҳосилнокиро зиёд ва таъсири манфии тағйирёбии иқлимро кам мекунанд.

Дар доираи ҳамоиш иштирокчиён масъалаҳои рушди селексия ва тухмипарварӣ, ҳифзи растаниҳо, истифодаи самараноки замин ва об, инчунин рақамикунонии соҳаи кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мутахассисони соҳаи кишоварзӣ иброз медоранд, ки дар соҳаи кишоварзӣ ҳаво ва иқлим нақши аввалиндараҷа доранд. Онҳо тамоми раванди рӯёнидани ҳосил—аз кишт то ҷамъовариро муайян мекунанд. Яъне ҳарорати баланди ҳаво ва чангу ғубор боиси коҳиши ҳосилнокӣ, хушкидани хок, кам шудани оби полезӣ ва нобуд шудани зироат мешаванд. Қабати чанг ба баргҳои растаниҳо нишаста, раванди фотосинтез ва афзоиши ҳосилро суст мекунад, инчунин хокро аз меъёр хушк мекунад. Инчунин ба гул кардани растаниҳо ва гардолудшавии онҳо халал мерасонад. Ҳавои олуда ба паҳншавии баъзе бемориҳо дар растаниҳою дарахтон низ мусоидат мекунад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"