«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ , 21.10.2026 / АМИТ « Ховар »/. 20 октябр нашрияи фарҳангии итолиёвии «La Rivista Culturale» мақолаи рӯзноманигор Мелисса Пинятелли (Melissa Pignatelli)- ро таҳти унвони «Tajikistan, una cultura da scoprire» (« Тоҷикистон — фарҳанге , ки бояд кашф кард ») нашр намуд , иттилоъ медиҳад АМИТ « Ховар » бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон .
Мақола ба намоиши байналмилалии «Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои нодир», ки дар Осорхонаи тамаддунҳо (Museo delle Civiltà — MUCIV)-и шаҳри Рим 20 октябр оғоз гардид, бахшида шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон–кишвари ёдгориҳои нодир» 80 ёдгории нодири таърихию фарҳангӣ, ки давраи аз асри 6 пеш аз милод то асри 21-ро фаро мегиранд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Ҳар нигора бозгӯйи саҳифаҳои муҳими таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик буда, барои муаррифии мероси ғании фарҳангии Тоҷикистон ба ҷомеаи байналмилалӣ аҳамияти хос дорад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон