«Shohin Airlines» як ҳавопаймои навъи L-410-ро вориди парки ҳавопаймоҳояш намуд

АМИТ "Ховар" ·

«Shohin Airlines» як ҳавопаймои навъи L-410-ро вориди парки ҳавопаймоҳояш намуд

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» 24 сентябри соли 2026 як ҳавопаймои навъи L-410-ро ба парки ҳавопаймоҳояш ворид намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/ . Ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» 24 сентябри соли 2026 як ҳавопаймои навъи L-410-ро ба парки ҳавопаймоҳояш ворид намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин рӯйдоди муҳим натиҷаи дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи авиатсияи граждании кишвар ва рушди соҳа арзёбӣ мегардад.

Ҳавопаймои нави навъи L-410-ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон парвозҳо анҷом дода, ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва осон гардонидани парвозҳои дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Ворид намудани ҳавопаймои нави навъи L-410 аз ҷониби «Shohin Airlines» дар ҳолест, ки қаблан, аниқтараш 21 июли соли 2026 дар Намоишгоҳи байналмилалии авиатсионӣ дар шаҳри Фарнборои Британияи Кабир «Shohin Airlines» ва «Airbus» созишнома оид ба харидории чор ҳавопаймои силсилаи A320neo-ро ба имзо расониданд. Ин рӯйдоди таърихӣ нахустин фармоиши ҳавопаймоҳои Airbus дар таърихи ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» буда, марҳилаи муҳиме дар рушди ин ширкати ҳавопаймоии хусусӣ арзёбӣ мегардад. Созишнома харидории ду ҳавопаймои Airbus ва ду ҳавопаймои Airbus A321neo-ро пешбинӣ менамояд. Ҳавопаймоҳои нав асоси маҷмаи муосири «Shohin Airlines» гардида, барои ташкили парвозҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ бо таъмини сатҳи баланди бехатарӣ, бароҳатӣ ва хизматрасонӣ замина фароҳам меоранд. Ин ҳамкорӣ барои рушди минбаъдаи «Shohin Airlines» ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалии авиатсия заминаи устувор хоҳад гузошт.

«Shohin Airlines» — ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, ки 25 июни соли 2025 вориди бозори авиатсионии Тоҷикистон гардид. Рисолати «Shohin Airlines» ба рушди авиатсияи ватанӣ, тавсеаи интиқолоти ҳавоии минтақавию байналмилалӣ нигаронида шудааст. Дар айни замон ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои фармоиширо аз тариқи чархболҳо анҷом медиҳад. Ширкат ҳамчунин бо истеҳсолкунандагони пешбари ҳавопаймоҳо музокирот бурда, дурнамои рушди мусофиркашонии тиҷоративу боркашонӣ ва бизнес -авиатсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"