Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Давҳаи Қатар Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ҳамчун муовини Раиси ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ дар

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Д ар шаҳри Давҳаи Қатар Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ҳамчун муовини Раиси ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ дар маросими ифтитоҳи он сухан намуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа намояндагони 86 кишвари аъзои бонк иштирок намуданд.

Дар ҷаласа ҳамзамон дастовардҳои 10-солаи Бонки Осиёии  сармоягузории инфрасохторӣ, рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, дастгирии Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Барномаи бисёрсолаи сармоягузорӣ ба маблағи 800 миллион доллари амрикоӣ таъкид гардиданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"