Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Ҷумҳурии Эстония Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Санад дар доираи рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилот, илм ва сайёҳӣ бо мақсади таҳкими робитаҳои илмӣ ва академӣ, табодули таҷрибаи пешқадам, рушди ҳамкории таълимӣ ва густариши муносибатҳои судманд байни ду муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба имзо расидааст. Санади мазкур заминаи ҳуқуқию ташкилии ҳамкории минбаъдаи ҷонибҳоро дар асоси принсипҳои ҳамкории мутақобили судманд, эҳтироми манфиатҳои тарафайн ва риояи қонунгузории амалкунандаи ҳар ду кишвар фароҳам меорад.

Ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум барои густариши ҳамкории байналмилалии Академияи сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон ва татбиқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар раванди таълиму тарбия аҳаммияти муҳим дорад.

Ҳамкории минбаъда бо Донишгоҳи Тарту имкон фароҳам меорад, ки робитаҳои илмӣ ва таълимӣ тақвият ёфта, барои омӯзгорон ва донишҷӯён имконияти нави рушди касбӣ ва академӣ фароҳам оварда шаванд.

Иқдом инчунин метавонад ба таҳкими заминаи ҳамкории муштарак дар самти рушди илми сайёҳӣ, идоракунии сайёҳӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии мутахассисони соҳа мусоидат намояд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"