Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бухоро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини якуми Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон, Ҳокими вилояти Бухоро, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ва дигар намояндагони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон