ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон 24 октябр Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид таҷлил мегардад. Созмони Милали Муттаҳид (СММ)– созмони бонуфузи байналмилалӣ мебошад, ки ба мақсади таҳкими сулҳу субот дар ҷаҳон ва рушди ҳамкорӣ байни давлатҳо соли 1945 таъсис ёфтааст.
Дар тули фаъолият Созмони Милали Муттаҳид садҳо эъломияҳо, аҳдномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ ба тасвиб расонидааст, ки ба масъалаҳои риояи ҳуқуқи башар, таъмини ҳаёти осоишта, сулҳу субот, амнияти ҷаҳон, ҳалли низоъҳои байналмилалӣ ва мушкилоти сайёра, таъмини ҳамкорӣ байни кишварҳо, ҳифзи муҳити зист, тиҷорати байналмилалӣ ва амсоли инҳо нигаронида шудаанд.
Ҳоло зиёда аз 194 давлати ҷахон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Созмони Милали Муттаҳид мебошанд. Қароргоҳи Созмон шаҳри Ню-Йорки Амрико аст. Шаш забони дунё — англисӣ, арабӣ, испанӣ, чинӣ, русӣ ва франсузӣ забони расмӣ ва коргузории Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки 2 марти соли 1992 дар иҷлосияи 46-уми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид Эъломия дар бораи қабули Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид якдилона қабул шуд ва Тоҷикистон расман узви Созмони Милали Муттаҳид гардид.
Нахустин маротиба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 аз минбари баланди ин созмони байналмилалӣ сухан намуда, ба аҳли ҷаҳон ҳадафҳои неку созанда ва сулҳдӯстонаи Тоҷикистони мустақилро ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ расониданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 34 соли ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои муҳим, бахусус дар масъалаҳои обу иқлимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тавассути ин созмони калидӣ амалӣ намудааст.
Тоҷикистон уҳдадориҳои собитшударо дар самти ҳалли мушкилоти ҷаҳонии обу иқлим доро мебошад. Ҳамчун давлати узви Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон дар пешбарии қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз қабили «Соли байналмилалии оби тоза», «Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025», «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» ва «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» нақши муҳим бозидааст.
Тоҷикистон ҳамчунин ба ҳайси мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 дар таблиғи рӯзномаи об нақши калидӣ бозид ва пас аз тақрибан 50 сол музокироти сатҳи баланд дар бораи оби тозаро идома дод.
Намояндагии аввали СММ – Дафтари нозирони СММ дар Тоҷикистон 1 феврали 1993 дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шуруъ намуд.
АКС аз манбаъҳои боз