Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 1993 то соли 2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 240 муассисаи таҳсилоти умумӣ (дорои 1438 синфхона барои 34 233 ҷойи нишаст), 6 бинои маъмурии

ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 1993 то соли 2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 240 муассисаи таҳсилоти умумӣ (дорои 1438 синфхона барои 34 233 ҷойи нишаст), 6 бинои маъмурии раёсату шуъбаҳои маориф, 44 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 9 толор ва майдончаи варзишӣ ба маблағи 595,4 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин вилоят иттилоъ медиҳад.

Соли 2026 дар вилоят 312 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 65 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 40 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 207 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 Литсейи давлатӣ, 1 мактаби президентӣ ва 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад , ки дар он 37 ҳазору 416 нафар (18 ҳазору 418 духтар) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Соҳаи маориф дар сархати сиёсати дохилии Тоҷикистон чун соҳаи афзалиятнок мавқеъ гирифта, дар рушду пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлат нақши муҳим дорад.

Ҳамаи ин тадбирҷӯиҳо имкон доданд, ки фарогирии кӯдакон дар вилоят ба муассисаҳои томактабӣ аз 22 %-и соли 2020 дар соли 2025 бо назардошти фарогирии кӯдакон дар марказҳои инкишофи рушди барвақтии кӯдаки назди муассисаи таълимӣ ба 42,6 % расонида шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: АМИТ "Ховар"