Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт  Хусрав Нозирӣ бо вазири давлатӣ дар умури алоқа ва фанновариҳои иттилоотӣ ва иҷрокунандаи вазифаи вазири

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт  Хусрав Нозирӣ бо вазири давлатӣ дар умури алоқа ва фанновариҳои иттилоотӣ ва иҷрокунандаи вазифаи вазири иттилоърасонӣ ва фарҳанги Давлати Кувайт Умар Сауд Абдулазиз Ал-Умар мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт   хабар доданд, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва тавсеаи ҳамкории ду мамлакатро дар арсаҳои алоқа, фанновариҳои иттилоотӣ, иттилоърасонӣ, фарҳанг ва гардишгарӣ баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо аҳаммияти тақвияти ҳамкории  дуҷониба дар заминаҳои мазкур ва баҳрагирӣ аз зарфияти мавҷударо барои густариши робитаҳо байни Тоҷикистон ва Кувайт таъкид карданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Источник: АМИТ "Ховар"