Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳашт моҳи соли равон дар Тоҷикистон 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 34,3
ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳашт моҳи соли равон дар Тоҷикистон 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 34,3 дарсад бештар мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба истифода додани биноҳои истиқоматӣ дар минтақаҳо, аз ҷумла дар вилояти Суғд 370,4 ҳазор метри мураббаъ, дар вилояти Хатлон 263,3 ҳазор метри мураббаъ, дар шаҳри Душанбе 275,3 ҳазор ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 77,8 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Бунёди иншооту биноҳои замонавӣ, хонаҳои истиқоматӣ, равшансозии кӯчаҳо, сохтмони муассисаҳои варзишӣ, мактабҳо ва кӯдакистонҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин шинонидани гулу дарахтони ороишӣ – ҳамаи ин тадбирҳо дар самти ободонии мамлакат бо вусъати бесобиқа ба роҳ монда шудааст.
Дар моҳҳои январ–августи соли 2026 14 мактаби таҳсилоти умумӣ барои 21 ҳазору 109 хонанда ба истифода дода шудааст. Қисми зиёди ҷойҳои нави мактабӣ ба вилояти Хатлон (11 ҳазору 623 ҷой) рост меояд.
Дар ин давра барои 4 ҳазору 492 кӯдак муассисаҳои томактабӣ низ сохта, ба истифода дода шудаанд. Аз ин шумора 3 ҳазору 564 ҷой ба вилояти Хатлон, 368 ҷой ба вилояти Суғд ва 560 ҷой ба шаҳри Душанбе рост меояд.
Инчунин дар ҷумҳурӣ муассисаҳои табобатӣ бо 445 ҷойи қабули беморон дар як баст мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки бештари он ба вилояти Хатлон (389 ҷой) рост меояд.
АКС аз бойгонӣ