Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мулоқоти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо раиси вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусейн Музаффарӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҷонибҳо масъалаҳои ташкили ҳамкориро дар самтҳои таҳсилоти олӣ, илм, сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос мавриди баррасӣ қарор доданд.

Убайдулло Асрорзода аҳамияти рушди ҳамкории илмӣ-таълимиро бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид намуда, изҳор дошт, ки истифодаи имконияти мавҷудаи ду кишвар метавонад ба тавсеаи робитаҳои академӣ, табодули таҷриба ва баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон мусоидат намояд.

Дар мулоқот ба масъалаҳои ҳамкории мустақим бо донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавӣ, ташкили барномаҳои муштараки таълимӣ, табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, баргузории чорабиниҳои илмӣ ва ҷалби мутахассисони соҳавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Иброз гардид, ки робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии Тоҷикистону Эрон барои густариши ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аҳамияти таҳкими робитаҳои мутақобили судманд ва рушди ҳамкории амалӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои дахлдори вилояти Хуросони Разавиро баён намуданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"