Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ҳамоиши илмӣ-амалии минтақавӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои амалӣ намудани технологияҳои муосири инноватсионии парвариши зироати ғалладонагӣ ва равғанидиҳанда дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки дар шароити тағйирёбии иқлим истифодаи самараноки захираҳои обу замин, амалӣ намудани навъҳои серҳосили зироат, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот аҳамияти хосса дорад.
Ҳамзамон пайванди илм бо истеҳсолот, дастгирии олимону мутахассисон ва ҷалби бештари кишоварзон ба истифодаи технологияҳои навин метавонад ба баланд гардидани ҳосилнокии замин, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таҳкими амнияти озуқавории мамлакат мусоидат намояд.
Мақсади ҳамоиш муаррифии дастовардҳои илмӣ, омӯзиш ва татбиқи технологияҳои муосири инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат ва истифодаи самараноки заминҳои лалмӣ мебошад. Иштирокчиёни семинар бо усулҳои муосири кишт, имконияти техникаву таҷҳизоти навин ва роҳҳои нигоҳдории намии хок шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити тағйирёбии иқлим пайванди илм бо истеҳсолот, амалӣ намудани навъҳои серҳосили зироат ва татбиқи технологияҳои каммасраф омили муҳими таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба шумор меравад. Ноҳияи Данғара дорои имконоти васеи аграрӣ буда, баргузории чунин ҳамоишҳо барои табодули таҷрибаи олимону кишоварзон ва татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара