Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
АМИТ "Ховар" ·

РӮДАКӢ, 11.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба дастгирии татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026–2040» ҳамоиши иттилоотию маърифатӣ баргузор гардид. Дар
РӮДАКӢ, 11.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба дастгирии татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026–2040» ҳамоиши иттилоотию маърифатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Ҳамоиш дар асоси Лоиҳа оид ба дастгирии татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026–2040» аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Таҳлил» бо дастгирии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе доир гардид.
Мақсади асосии чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, ба хусус ҷавонон ва волидон оид ба хатарҳои терроризм ва ифротгароии хушунатомез, омилҳои ба чунин зуҳурот мусоидаткунанда ва роҳҳои пешгирии гароиши ҷавонон ба ақидаҳои ифротӣ мебошад.
Иштирокчиён сабабу омилҳои гаравидани баъзе ҷавонон ба ақидаҳои ифротӣ, роҳҳои таъсиррасонӣ ва фиреби онҳо, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои паҳн намудани муҳтавои дорои хусусияти ифротӣ ва роҳҳои баланд бардоштани муқовимати ҷомеа ба чунин таъсирҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҳамоиш оид ба нақши оила дар тарбияи фарзанд, муносибати масъулонаи волидон ба мушкилоти ҷавонон ва баланд бардоштани саводнокии иттилоотӣ сухан гуфта шуд. Иброз гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ҷавонон ҳар рӯз бо ҳаҷми зиёди иттилоот рӯ ба рӯ мешаванд. Дар чунин шароит қобилияти фарқ кардани маълумоти дуруст аз муҳтавои сохтаву таҳрифшуда аҳаммияти бештар пайдо мекунад.
Дар ҳамоиш намоиши тарбиявии театрии «Бозгашт» аз ҷониби ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар пешниҳод гардид.
Намоиши «Бозгашт» сарнавишти ҷавоне бо номи Умедро бозгӯйӣ мекунад, ки бинобар мушкилоти иҷтимоӣ, камбуди дониш ва бетаваҷҷуҳӣ ба таълиму тарбия осебпазир мегардад.
Шахсони манфиатдор аз вазъи ӯ истифода бурда, бо ваъдаи кор, пул ва зиндагии беҳтар мехоҳанд ҷавонро ба роҳи хатарнок баранд. Дар намоиш роҳҳои фиреби ҷавонон, истифода аз мушкилоти шахсӣ ва эҳсоси ноумедии онҳо, инчунин истифодаи воситаҳои муосири иртиботӣ барои таъсир расонидан ба ҷавонон инъикос ёфтаанд. Бо вуҷуди ин, сарнавишти Умед бо фоҷиа анҷом намеёбад. Ҳушёрӣ ва масъулияти шаҳрвандии наздикони ӯ имкон медиҳад, ки нақшаи ҷинояткорон сари вақт ошкор гардида, ҷавон аз хатари ҷиддӣ эмин монад. Аз ин ҷост, ки номи намоиш—«Бозгашт» маънои рамзӣ пайдо мекунад: бозгашт аз роҳи иштибоҳ, бозгашт ба оила, ҷомеа ва зиндагии осоишта.
Намоиш ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, аҳаммияти дониш ва маърифат, таъсири муҳити иҷтимоӣ ба интихоби ҷавонон, хавфи фиреб тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва зарурати бетараф набудани ҷомеа нисбат ба тақдири атрофиён бахшида шудааст.
Ҳамоиши ноҳияи Рӯдакӣ як қисми маъракаи фарогири иттилоотию маърифатӣ буда, дар маҷмуъ 13 шаҳру ноҳияи минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — Варзоб, Рашт, Нуробод, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Роғун, Сангвор, Тоҷикобод, Турсунзода, Файзобод, Ҳисор, Шаҳринав ва Лахшро дар бар мегирад.
Дар доираи Лоиҳа оид ба дастгирии татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026–2040» баргузории вохӯриҳои иттилоотию маърифатӣ ва намоишҳои театрӣ дар ин шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ гардидааст.
Дар баробари ин, маъракаи иттилоотӣ дар муҳити рақамӣ низ ба роҳ монда мешавад.
Аз ҷумла, таҳия ва паҳн намудани наворҳои кӯтоҳи иттилоотӣ оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез ва терроризм дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram, интишори маводи иттилоотӣ дар сомонаҳои интернетӣ ва таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ дар воситаҳои ахбори оммаи минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ