Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22–23 октябри соли 2026 дар ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунандаи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ду лоиҳаи қонуни намунавӣ баррасӣ ва тасдиқ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаи баррасии лоиҳаи қонунҳои намунавии «Дар бораи хизматрасониҳои рақамии байнидавлатӣ» ва «Дар бораи рақамикунонии худидоракунии маҳаллӣ», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буданд, мавриди таваҷҷуҳи аъзои Комиссия қарор гирифт.

Зимни баррасии масъалаҳо Раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Камолзода аҳаммияти таҳияи санадҳои ҳуқуқии намунавиро дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ таъкид кард. Аз ҷумла, иброз гардид, ки рушди хизматрасониҳои рақамии байнидавлатӣ барои таҳкими ҳамкории давлатҳои иштирокдори Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, содагардонии расмиёти маъмурӣ, фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкории электронии мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар ин замина, зарурати ташаккули заминаи ягонаи ҳуқуқӣ барои мубодилаи иттилооти электронӣ, эътирофи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва рушди ҳамкории рақамӣ байни давлатҳо муҳим арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон ҳангоми муаррифии лоиҳаи Қонуни намунавии «Дар бораи рақамикунонии худидоракунии маҳаллӣ» таъкид карда шуд, ки ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ метавонад ба баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои давлатӣ дар сатҳи маҳаллӣ, шаффофияти фаъолияти мақомоти дахлдор ва тақвияти робитаи онҳо бо аҳолӣ мусоидат намояд

Пас аз баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳо ва мубодилаи афкор, лоиҳаҳои ҳар ду қонуни намунавӣ ба овоз монда шуда, аз ҷониби аъзои Комиссия якдилона тасдиқ гардида, ба нақшаи кории комиссияи мазкур барои солҳои 2027-2028 ворид гардид.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"