Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ мақоми хос касб намуда, барои рушди он ва таҳкими мавқеи забони давлатӣ дар

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ мақоми хос касб намуда, барои рушди он ва таҳкими мавқеи забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаҳои устувор фароҳам оварда шуданд. Чунин иброз гардид имрӯз зимни ҳамоиши тантанавӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд, иштирокчиёни ҳамоиш оид ба нақши забони тоҷикӣ дар пойдории миллати тоҷик, таҳкими ҳувияти миллӣ ва давлатдории тоҷикон ибрози андеша намуданд.

Гуфта шуд, ки забон давоми таърих на танҳо воситаи баёни андеша, балки нигаҳдорандаи хотираи таърихӣ, фарҳанг ва арзишҳои маънавии миллат буда, омили муҳими пайванди наслҳо ва ҳифзи ҳастии миллӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин раванд таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзу рушди забони тоҷикӣ, густариши забони илмӣ ва такмили истилоҳоти соҳавӣ нақши муҳим дорад. Ҳифзи забон танҳо вазифаи сохторҳои давлатӣ набуда, масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа мебошад. Риояи меъёрҳои забони адабӣ, истифодаи дурусти забони давлатӣ дар фаъолияти хизматӣ, покизагии забон ва ғанӣ гардонидани забони илмӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми аҳли ҷомеа, ба хусус кормандони соҳаҳои касбӣ ва илмӣ маҳсуб мешавад.

Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг ва ҳастии миллат мебошад. Аз ин рӯ ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки ин мероси гаронбаҳоро бо эҳсоси баланди миллӣ ҳифз намуда, ба наслҳои оянда ба таври шоиста ба мерос гузорад.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"