СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон дар доираи «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон.
Дар ҳудуди ноҳия бунёду навсозӣ ва таъмиру таҷдиди садҳо иншооти таъиноти гуногун, хусусан иншооти роҳу нақлиёт вусъат ёфта, дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар маркази ноҳия таъмиру таҷдиди гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард оғоз гардид.
Раиси ноҳия Икромиддин Вализода бо корҳои навсозии гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард шинос шуда, ба масъулин таъкид намуд, ки корҳои сохтмонӣ ва таҷдиду навсозии иншооти роҳу нақлиёт босифат ба анҷом расонида шаванд. Ҳамчунин риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ, масъалаҳо вобаста ба идомаи босифат ва саривақтии корҳои бунёдкорӣ дар ҳудуди ноҳия ва ҷамоатҳои деҳоти он таъкид карда шуд.
Ободонии роҳҳо ва гузаргоҳҳо, фароҳам овардани шароити мусоиди ҳаракати нақлиёт, рафту омади сокинон ва таъмини бехатарии шаҳрвандон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме мебошанд, ки дар раванди рушди инфрасохтори маҳаллӣ аҳамияти хос доранд.
Дар ин раванд, назорати пайвастаи корҳои сохтмонӣ ва таъмини сифати иншооти бунёдшаванда омили муҳимми расидан ба натиҷаҳои назаррас ба шумор меравад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон