Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд

АМИТ "Ховар" ·

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд

ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинон, аз

ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинон, аз ноҳияи Фархор ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд.

Дар назди Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон, масъулон ва сокинони шарафманди ноҳия самимӣ истиқбол гирифтанд.

Маврид ба зикри хос аст, ки ҳар як ташрифи Роҳбари давлат ба ин ё он гӯшаи кишвар барои фароҳам гардидани инфрасохтор, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ ҷиҳати беҳтар гардидани вазъи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Источник: АМИТ "Ховар"